Савол № 01326

Ассалому алайкум. Илтимос, якчандто дуоҳо бо забони тоҷикӣ фиристед.

Савол:

Ассалому алайкум. Илтимос, якчандто дуоҳо бо забони тоҷикӣ фиристед. Миннатдорам.

Саволдиҳанда: Аҳмадҷон

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шумо метавонед ин дуоҳоро бихонед:

Дуои пас аз намоз: Худовандо, ба фазлу карамат аз мо намозамонро бипазир ва онро ба рӯйамон мазан, эй Худои оламиён ва эй беҳтарин мададгорон, моро мусулмон бимирон ва ба солиҳону некукорон бипайванд, умед аз раҳмати Ту дорем, эй Меҳрубонтарини меҳрубонон.

Худовандо! Беҳтарин дархосту дуо ва беҳтарин комёбӣ, беҳтарин илму амалу беҳтарин подош, беҳтарин зиндагӣ ва беҳтарин маргро аз Ту мехоҳам, маро собитқадам бидор ва каффаи некиҳоямро сангин бигардон, имонамро муҳаққақ соз ва дараҷаамро баланд гардон, намозамро бипазир ва лағзишҳоямро биёмурз, дараҷоти болои биҳиштро аз Ту хосторам.

Худовандо! Аз Ту илми судманд, ризқи ҳалол ва амали мақбул мехоҳам.

Худовандо! Василаҳои раҳмату мағфират, саломатӣ аз ҳама гуноҳҳо, ғанимати анҷоми ҳама некиҳо, расидан ба биҳишт ва наҷот аз оташи ҷаҳаннамро аз Ту хосторам.

Худовандо! Оқибати моро дар ҳама умур нек бигардон ва моро аз хорию расвоии дунё ва азоби қабр нигаҳ дор.

Парвардигоро! Ба мо дар дунё некӣ бидеҳ ва дар охират некӣ бидеҳ ва аз азоби дӯзах моро раҳоӣ бахш.

Барои маълумоти бештар шумо аз бахши китобхонаи сомона китоби «Нақши дуо дар зиндагии инсон»-ро мутолиа намоед. 

2017-07-01
3832
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:53
Пешин12:40
Аср17:25
Шом19:24
Хуфтан20:55