Савол № 01357

Шахсе ҳар рӯз пеш аз дигарон ба масҷид омада, соати 12:40 азон ногуфта чаҳор ракъат суннати пешинро мегузорад. Оё намози ин шахс дуруст аст?

Савол:

Ассалому алайкум. Шахсе ҳар рӯз пеш аз дигарон ба масҷид омада, соати 12:40 азон ногуфта чаҳор ракъат суннати пешинро мегузорад. Оё намози ин шахс дуруст аст? Раҳмат.

Саволдиҳанда: Султон

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, азон додан барои огоҳӣ аз фарорасии вақтҳои намоз суннат аст ва он фақат барои намозҳои фарз дода мешавад, на барои намозҳои суннат. Аз ин хотир агар шахсе пас аз даромадани вақт пез аз додани азон намози суннатро гузорад, намозаш дуруст мешавад. Дар китоби “Мухтасарул-виқоя” меорад: “Пас аз даромадани вақт қабл аз намозҳои фаризаи панҷгона ва низ пеш аз намози фарзи ҷумъа азон гуфтан суннат аст”. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 7)

2017-07-10
3853
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54