Савол № 01375

Ман пас аз моҳи Рамазон боз шаш рӯз рӯза доштам. Бигӯед, ки ин чӣ фазилате дорад.

Савол:

Ассалому алайкум устоди меҳрубон. Ман пас аз моҳи Рамазон боз шаш рӯз рӯза доштам. Бигӯед, ки ин чӣ фазилате дорад. Худо нигаҳбонатон.

Саволдиҳанда: Тоҳир

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шумо бо ин амалатон савоби рӯзаи яксоларо мегиред, зеро дар ивази ҳар як амали неке, ки банда ба ҷо меорад, даҳ баробар бештар ба ӯ дода мешавад. Савоби рӯзаи моҳи Рамазон, ки аз сӣ рӯз иборат аст, ба сесад рӯз ва савоби шаш рӯзи моҳи Шаввол бошад, ба шаст рӯз баробар аст, маҷмӯи инҳо сесаду шаст рӯз мешавад ва ба савоби рӯзаи як сола баробар мебошад.

2017-07-18
4012
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54