Савол № 01379

Домуллои муҳтарам, дар вақти хутба хондан ё мавъиза кардани имом ё ин ки пас аз адои намоз ҳангоми дуо ва қироати сура тасбеҳ гардонидан ва хондани намоз ҷоиз аст?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои муҳтарам, дар вақти хутба хондан ё мавъиза кардани имом ё ин ки пас аз адои намоз ҳангоми дуо ва қироати сура тасбеҳ гардонидан ва хондани намоз ҷоиз аст?

Саволдиҳанда: Давлат.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, дар вақти хутба хондани имом гӯш додан ба он ҳатмӣ аст, ҳатто дар ин вақт хондани намози нофила макрӯҳ мебошад. Инчунин дар аснои қироати пас аз намоз гӯш додан ба он лозим аст, пас аз анҷоми қироат ҳар навъ зикру дуо ва тасбеҳ гардонидан ҷоиз аст. 

2017-07-18
3563
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:53
Пешин12:40
Аср17:25
Шом19:24
Хуфтан20:55