Савол № 01439

Оё зан метавонад, ки шавҳари худро бо номаш садо кунад?

Савол:

Ассалому алайкум. Оё зан метавонад, ки шавҳари худро бо номаш садо кунад?

Саволдиҳанда: Абдуссалом

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, бо ном хондани зан ё шавҳар аз нигоҳи шаръӣ монеъе надорад, ба шарте ки ин амал сабаби озурда шудани хотири тарафайн нагардад. Муҳим он аст, ки зану шавҳар якдигарро бо лақабҳои қабеҳ садо накунанд. Беҳтар аст, ки аз рӯи одоби урфу таомул бо калимаҳои муҳтарамона ба якдигар муроҷиат кунанд.

2017-10-07
3970
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:53
Пешин12:40
Аср17:25
Шом19:24
Хуфтан20:55