Савол № 01468

Нафаре чанд соле аз умраш умуман рӯза нагирифта ё баъзе солҳо рӯза доштааст ва дар баъзе дигар на. Дар ин ҳолат қазои онро чигуна бояд ба ҷо оварад? Агар қасдан тарк карда бошад, каффорати...

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Нафаре чанд соле аз умраш умуман рӯза нагирифта ё баъзе солҳо рӯза доштааст ва дар баъзе дигар на. Дар ин ҳолат қазои онро чигуна бояд ба ҷо оварад? Агар қасдан тарк карда бошад, каффорати онро чӣ тавр ба ҷо меорад? Оё мумкин аст, ки барои солҳои рӯзаро тарккарда фидяи рӯза диҳад? Дар охир аз Шумоён бисёр дуои нек дар ҳаққи волидайни банда ва худ хоҳонам.

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, агар шахси мазкур дар тамоми моҳи Рамазон рӯза надошта, рӯзаро бидуни ният хӯрда бошад, барои адади рӯзҳои хӯрдааш рӯза медорад, агар нияти рӯза карда, сипас қасдан хӯрда бошад, каффорат медиҳад. Як каффорат барои ҳамаи солҳои хӯрдааш кифоят мекунад. Аммо барои рӯзаи қазо додани фидя дуруст нест, зеро фидя фақат барои шахсоне аст, ки аз сабаби солхӯрдагӣ ё беморие, ки умеди беҳбудӣ аз он нест, тавони рӯза доштан надоранд. Худованд ба шумо ва волидайнатон аҷру подоши доимӣ ато фармояд.

2017-10-20
4059
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54