Савол № 01533

Тағоям аз ҳамсараш ҷудо шудан мехоҳад, вале аз ӯ раҳо ёфта наметавонад, зеро ҳамсараш ҷодугар аст ва ҳама корҳои ӯро бастааст. Модарам барои раҳо кардани ӯ назди ҷодугар рафтан мехоҳад...

Савол:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Тағоям аз ҳамсараш ҷудо шудан мехоҳад, вале аз ӯ раҳо ёфта наметавонад, зеро ҳамсараш ҷодугар аст ва ҳама корҳои ӯро бастааст. Модарам барои раҳо кардани ӯ назди ҷодугар рафтан мехоҳад. Ҳарчанд ӯро аз ин кор манъ мекунам, аммо дилаш тоқат намекунад, мегӯяд, ки додарам бо дигар роҳ аз ӯ халос ёфта наметавонад. Дар ин ҳолат ман чӣ кор кунам? Дар ҳаққи тағоям дуо кунед.

Саволдиҳанда: Бародар

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шумо модаратонро бо равиши неку насиҳат кунед ва фаҳмонед, ки рафтан ба назди ҷодугар ва тасдиқи ӯ куфр аст. Мушкилоти хонаводагӣ бо ин роҳ ҳал намешавад, балки бо ба кор бурдани тафаккури солим ва дастуроти шариат бояд онро ҳал намуд. Албатта сеҳру ҷоду ба инсон таъсири манфӣ мерасонад, вале шариати Ислом барои дафъи он илоҷ ва тавсияҳои муайян муқаррар намудааст. Аз ҷумла, хондани “Оятул-Курсӣ”, сураҳои “Фалақ”, “Нос” ва дуоҳои маъсура барои раҳо ёфтан аз шарри ин падида судманд аст. Набояд андешаи “баста шудани корҳо” дар мағзи инсон ҷой гирад ва устувор гардад, зеро ин андешаи нораво омили ноумедӣ ва шикасти равонии инсон дар зиндагӣ мегардад ва ӯро аз саъйу талош барои расидан ба саодати дорайн бозмедорад. Худованд ба тағои шумо шифои комил ва неруи комёбӣ ато фармояд.  

2017-11-19
210
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:54
Пешин13:00
Аср15:10
Шом17:11
Хуфтан18:41