Савол № 01563

Фарзандам духтарчаи чормоҳа аст. Шабе бемор шуд ва ӯро беморхона бурдам. Навбатдор ҷавонмарди 25-26-сола кӯдакро луч карда, клизма кард ва шикамашро масҳ намуд. Оё ман барои намудор шудани шармгоҳи духтарчаам гунаҳгор шудаам?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Фарзандам духтарчаи чормоҳа аст. Шабе бемор шуд ва ӯро беморхона бурдам. Навбатдор ҷавонмарди 25-26-сола кӯдакро луч карда, клизма кард ва шикамашро масҳ намуд. Оё ман барои намудор шудани шармгоҳи духтарчаам гунаҳгор шудаам?

Саволдиҳанда: 

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи шаръӣ дар ҳолати зарурат дидани аъзои бемор барои табиб раво аст ва он ҳам ба андозаи зарурат. Илова бар ин, духтарчаи шумо ҳанӯз ба синни балоғат нарасидааст, аз ин рӯ, шумо дар ин ҳолат гунаҳгор нашудаед.

2017-12-13
4041
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25