Савол № 01577

Агар аз дандон хун ҷорӣ шавад, таҳорат мешиканад? Агар ҳамаи намозҳоро бихонам, вале як намозро бепарвоӣ карда нагузорам, дар ин бора ягон ривоят ҳаст?

Савол:

Ассалому алайкум. Агар аз дандон хун ҷорӣ шавад, таҳорат мешиканад? Агар ҳамаи намозҳоро бихонам, вале як намозро бепарвоӣ карда нагузорам, дар ин бора ягон ривоят ҳаст?

Саволдиҳанда: Маъруф

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ба сабаби ҷорӣ шудани хун таҳорат мешиканад, аз ин рӯ, таҳорати тоза кардан лозим аст. Бар зиммаи ҳар фарди мусулмон ҳар шабонарӯз панҷ вақт намоз гузоридан фарз аст ва тарки ҳеҷ як аз фарзҳои панҷгона раво нест. Дар мавриди тарки намоз аз тарафи соҳиби шариат ваъидҳои шадиде ривоят шудааст. 

2017-12-21
4208
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:59
Пешин12:40
Аср17:22
Шом19:21
Хуфтан20:52