Савол № 01624

Вақте ки таҳоратро комил мекунам, пас аз як ё ду дақиқа фаромӯш мекунам, ки сарро масҳ кашидаам ё на. Дар намоз низ пас аз гузоридани ду ё се ракъат фаромӯш мекунам, ки як саҷда кардаам ё ду саҷда. Дар ин ҳолатҳо ман чӣ бояд кунам?

Савол:

Ассалому алайкум. Вақте ки таҳоратро комил мекунам, пас аз як ё ду дақиқа фаромӯш мекунам, ки сарро масҳ кашидаам ё на. Дар намоз низ пас аз гузоридани ду ё се ракъат фаромӯш мекунам, ки як саҷда кардаам ё ду саҷда. Дар ин ҳолатҳо ман чӣ бояд кунам?

Саволдиҳанда: Баҳром

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, он чи шумо зикр намудед, васвасаи шайтон аст, ки дар амали шумо шакку тардид ворид кардан мехоҳад. Шумо зикри “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил-Алиййил-Азим”-ро бисёр гӯед ва пас аз анҷоми таҳорат намозатонро бо дили пур гузоред, иншоаллоҳ ин васваса аз қалби шумо рафъ мегардад.  

2018-01-26
4276
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25