Савол № 01674

Соли гузашта бо хости Худованд кўдаки хурдсол ва тифли аввалинам аз дунё гузашт. Шукронаи додаи Худо ва гирифтааш мекунам. Имсол соҳиби духтарчаи дўстрўяк шудам, аммо тарсу ваҳм ҳоло...

Савол:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Соли гузашта бо хости Худованд кўдаки хурдсол ва тифли аввалинам аз дунё гузашт. Шукронаи додаи Худо ва гирифтааш мекунам. Имсол соҳиби духтарчаи дўстрўяк шудам, аммо тарсу ваҳм ҳоло ҳанўз дар дилам боқӣ аст ва нисбати кўдакам зуд-зуд дар ташвишам. Шабҳо бисёртар хобҳои батарс мебинам. Оё бо шир додани кўдак тарс аз модар ба тифл мегузарад?

Саволдиҳанда:Соҳибхоназан

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, маргу ҳаёт ба хости Худованд вобаста аст ва дар ихтиёри инсон нест. Дар ҳолати тарсидан набояд ба тифлатон шир диҳед, зеро дар таҷриба собит шудааст, ки пас аз шир додани модари тарсида ба тифлаш таъсири манфӣ мерасонад. Шумо ҳамеша пас аз намозҳо дар ҳаққи худ ва тифлатон дуои хайр кунед, умед аст, ки мушкилатон осон мегардад. Инчунин сураи “Фотиҳа”, “Оятул-Курсӣ, сураҳои “Кофирун”, “Ихлос”, “Фалақ” ва “Нос”-ро ҳамеша бихонед. Худованд ба шумо ва тифлатон шифои комил ато фармояд.

2018-03-09
2912
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48