Савол № 01676

Ман рўзи 3-юми сентябри соли 1974 ба дунё омадаам. Аз таърихи 19-уми декабри соли 2017 ба намоз гузоридан шуруъ кардам. Бигўед, ки ман чанд ракъат намози қазо бояд гузорам.

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Ман рўзи 3-юми сентябри соли 1974 ба дунё омадаам. Аз таърихи 19-уми декабри соли 2017 ба намоз гузоридан шуруъ кардам. Бигўед, ки ман чанд ракъат намози қазо бояд гузорам.

Саволдиҳанда:Наргис

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, шумо ба ҷуз дувоздаҳ соли овони хурдсолӣ намозҳои фарз ва витри солҳои боқимонда, яъне сию як солро қазо медоред, зеро қазо доштани намоз фарз аст ва ҳарчи зудтар намозҳоятонро адо кунед, беҳтар аст. Тариқи осони адои намозҳои қазоӣ ин аст, ки шумо пас аз гузоридани ҳар як намози вақтӣ панҷ ё шаш намози қазоиро ба ҷо оваред, иншоаллоҳ ҳамаи намозҳои қазоии худро адо хоҳед кард.  

2018-03-09
4000
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:57
Пешин12:40
Аср17:23
Шом19:22
Хуфтан20:53