Савол № 01698

Оё дар вақти дуо хондани шахси тарсида ҳозир будани зани ҳомила мумкин аст? 2. Шахсе, ки ҷарроҳӣ кардааст, фақат дасту рўй ва пояшро мешўяд, оё ин дуруст аст?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Оё дар вақти дуо хондани шахси тарсида ҳозир будани зани ҳомила мумкин аст? 2. Шахсе, ки ҷарроҳӣ кардааст, фақат дасту рўй ва пояшро мешўяд, оё ин дуруст аст? 3. Намоз дар замони кадом пайғамбар фарз шудааст? Ба кадом қавм панҷоҳ намоз фарз шуда буд? 4. Шахсе, ки ба сафар мебарояд, аз қафояш хона рўфтан, сар шустан ва об партофтан чӣ хосият дорад? 5. Дар бораи Увайси Қаранӣ маълумот диҳед. Дар охир дар ҳаққи мо ва падару модарамон дуои хайр кунед. Худованд илми шуморо боз ҳам зиёда гардонад.

Саволдиҳанда:Давлаталӣ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, дар вақти дуохонии шахси тарсида беҳтар аст, ки зани ҳомила ҳозир нашавад, зеро эҳтимол дорад, ки шахси бемор ягон ҳаракати ноҷое анҷом диҳад ва сабаби тарсидани он зан гардад. 2. Шахси маҷрўҳ ба андозаи тавонаш ибодати худро ба ҷо меорад, зеро адои ибодат ба қадри тавони банда аст. 3. Дар замони ҳамаи пайғамбарон намоз ва парастиш вуҷуд дошт ва ҳар пайғамбаре тибқи шариат ва аҳкоме, ки ба ў нозил мешуд, намоз мегузорид. Дар оғози биъсат ҳазрати Пайғамбар (с) бо муъминон ду вақт намоз мегузориданд, сипас дар шаби меъроҷ панҷ вақт намоз ба ҳамаи мўъминон фарз гардид. Савоби ин панҷ вақт намоз ба панҷоҳ намоз баробар аст. 4. Рўфтани хона, шустушў ва дигар аъмоле, ки пас аз сафар анҷом медиҳанд, ҳеҷ ишколе надорад. Баръакс тозагӣ ва назофат дар шариати Ислом амри матлуб ва ҳатмӣ аст, аз ин рў, набояд аз анҷом додани ин корҳо пас аз сафари шахсе гумони бад кард. 5. Увайси Қаранӣ (рҳ) аз ҷумлаи тобиъин (касоне, ки саҳобагони Пайғамбар (с)-ро дидаанд) аст ва ба сабаби хидмати модараш натавонист, ки ба суҳбати Расули акрам (с) мушарраф гардад. Барои пайдо кардани иттилоъи кофӣ аз зиндагии Увайси Қаранӣ (рҳ) шумо метавонед китоби “Тазкиратул-авлиё”-ро мутолиа кунед.

2018-03-30
3489
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:57
Пешин12:40
Аср17:23
Шом19:22
Хуфтан20:53