Савол № 01723

1. Дар вақти намоз гузоридан масофаи байни қадамҳо аз якдигар чӣ қадар бояд дур бошад? Шахсеро дидам, ки пойҳояшро аз якдигар ба андозаи ду панҷаи даст дур мемонд, ин то куҷо дуруст аст? 2. Дар руқя кадом сураҳо хонда мешаванд?

Савол:

Ассалому алайкум устоди азиз. 1. Дар вақти намоз гузоридан масофаи байни қадамҳо аз якдигар чӣ қадар бояд дур бошад? Шахсеро дидам, ки пойҳояшро аз якдигар ба андозаи ду панҷаи даст дур мемонд, ин то куҷо дуруст аст? 2. Дар руқя кадом сураҳо хонда мешаванд?

Саволдиҳанда:Давлаталӣ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, мустаҳаб аст, ки фосилаи байни қадамҳо дар намоз ба андозаи чаҳор ангушт бошад. Албатта агар касе тануманд ва фарбеҳ бошад, фосилаи миёни қадамҳояш вобаста ба вазъ ва ҳолаташ метавонад бештар бошад, вале набояд аз меъёри эътидол берун шавад. 2. Дар руқя сураи “Фотиҳа”, “Оятул-Курсӣ”, сураҳои “Ёсин”, “Ториқ”, “Шарҳ”, “Кофирун”, “Ихлос”, “Фалақ” ва “Нос” хонда мешавад.

2018-04-18
3687
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54