Савол № 01729

Агар падару модари кўдак аз ҳам ҷудо шаванд, модар ҳаққи бештар ба кўдак дорад. Ҳаққи падар чӣ қадар аст ва аз чандсолагии кўдак ҳаққи падар бештар мешавад?

Савол:

Ассалому алайкум. Агар падару модари кўдак аз ҳам ҷудо шаванд, модар ҳаққи бештар ба кўдак дорад. Ҳаққи падар чӣ қадар аст ва аз чандсолагии кўдак ҳаққи падар бештар мешавад?

Саволдиҳанда:Комрон

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар сурати ҷудо шудани зану шавҳар модар ба нигаҳдорӣ ва парастории фарзанд сазовортар буда, падар нафақа ва харҷи парастории фарзандро бояд пардохт кунад. Ҳаққи модар нисбат ба падар бештар аст, зеро модар дар зодан ва ба воя расонидани фарзанд ранҷи бештар мекашад. Волидайн бояд дар овони кўдакии фарзанд ба ў ҳуқуқи падару модар бар фарзандро биёмўзанд, то ки ў дар замони калонсолӣ ҳуқуқи онҳоро риоя кунад.

2018-04-18
2961
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54