Савол № 01766

Дар намози витри воҷиб ними дуои қунут хонда шавад, намоз дуруст мешавад ё ин ки саҷдаи саҳв бояд кард?

Савол:

Ассалому алайкум устоди азиз. Дар намози витри воҷиб ними дуои қунут хонда шавад, намоз дуруст мешавад ё ин ки саҷдаи саҳв бояд кард?

Саволдиҳанда: Иброҳим

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, бо хондани нисфи дуои қунут воҷиб ба ҷо меояд ва саҷдаи саҳв лозим намегардад, вале бояд кӯшиш кунад, ки бақияи дуои қунутро ба зудӣ ҳифз карда, онро пурра дар намоз бихонад.

2018-05-24
3532
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54