Савол № 01829

Оё дар Ислом ошиқ шудан ҷоиз аст?

Савол:

Оё дар Ислом ошиқ шудан ҷоиз аст?

Саволдиҳанда: Ҷовидон

Ҷавоб:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ошиқ шудан ва дӯст доштан аз сиришт ва табиати башарӣ аст ва инсонро дар он ҳеҷ ихтиёре нест. Аз нигоҳи дини Ислом ошиқӣ ва муносибати номашруъ бо номаҳрам амали ҳаром буда, набояд инсон ба хоҳишоти нафсонии худ пайравӣ кунад. Шариати Ислом барои қонеъ намудани ниёзҳои фитрии инсон никоҳ ва издивоҷро машруъ  кардааст,  ки  ӯро ҳам аз ваҳшати танҳоӣ раҳо месозад ва ҳам аз ҳар гуна беиффатӣ, тардоманӣ ва лаззатҷӯиҳои ҳаром нигаҳ медорад. Расули Худо (с) ба ҷавонон чунин хитоб фармудаанд: «Эй гурӯҳи ҷавонон! Ҳар касе аз шумо тавони издивоҷ кардан дошта бошад, ин корро бикунад, зеро издивоҷ боиси сукунати чашму қалб ва ба вуҷудорандаи иффат аст ва ҳар касе наметавонад издивоҷ кунад, бояд ба рӯза чанг бизанад, зеро рӯза барои ӯ паноҳгоҳест, ки тақво меорад». (Ривояти Бухорӣ)

2018-06-08
2816
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:53
Пешин12:40
Аср17:25
Шом19:24
Хуфтан20:55