Савол № 01840

Оё дуди испанд рӯзаро мешиканад? Дар бораи намози таровеҳ маълумоти пурра медодед.

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Оё дуди испанд рӯзаро мешиканад? Дар бораи намози таровеҳ маълумоти пурра медодед.

Саволдиҳанда: Билолҷон

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, қасдан дуди испандро ба бинӣ даркашидан рӯзаро фосид мекунад, вале агар бидуни қасд ба машомаш расад, боке надорад. Намози таровеҳ барои мардону занон суннати муаккада буда, бист ракъат мебошад ва дар шабҳои Рамазон пас аз адои намози хуфтан ба ҷо оварда шуда, ба сурати дуракъатӣ гузорида мешавад. Пас аз гузоридани ҳар чаҳор ракъат каме истироҳат карда тасбеҳи таровеҳ хонда мешавад.

2018-06-08
4026
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:53
Пешин12:40
Аср17:25
Шом19:24
Хуфтан20:55