Савол № 01927

Пас аз пешоб намудан истинҷо нокарда (яъне бе об танҳо бо коғази ташноб худро хушк карда) таҳорат карда намоз хондан ҷоиз аст ё на? Бе зарурат ба таври доим иҷрои ин амал ҷоиз аст ё на?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Пас аз пешоб намудан истинҷо нокарда (яъне бе об танҳо бо коғази ташноб худро хушк карда) таҳорат карда намоз хондан ҷоиз аст ё на? Бе зарурат ба таври доим иҷрои ин амал ҷоиз аст ё на?

Саволдиҳанда: Муҳаммадиқбол

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, пас аз қазои ҳоҷат дар сурати мавҷуд будани об иктифо кардан ба кулўх ё дигар ашёи поккунанда хилофи сафои табиати инсон мебошад, пас хуб аст, ки дар ҳар сурат мустаҳаб кунед. Худованд дар каломи худ покшавандагонро ситоиш карда ва онҳоро дўст доштааст, чунонки мефармояд: “Дар он ҷо мардоне ҳастанд, дўст медоранд, ки пок шаванд. Ва Худо покбошандагонро дўст медорад”. (Сураи “Тавба”, ояти 108) Аз Ибни Аббос (р) ривоят шуда, ки Паёмбар (с) аз мардуми Қубо пурсид ва фармуд: “Худованд шуморо ситоиш кардааст, сабабаш чист?” Арз карданд: “Мо баъд аз қазои ҳоҷат вақте худро бо санг пок мекунем, бо об низ худро мешўем”. (Ривояти Баззор)

2018-08-31
4722
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54