Савол № 02001

1. Аз куҷо китоби Қуръонро дастрас кардан мумкин аст? 2. Оиди закот маълумот медодед. Он қадар тавонгар нестам, агар ба ягон маҷнун 100 сомонӣ диҳам, закот ҳисоб мешавад? 3. Сабаби иҷобат нашудани дуо дар чист? 4. Кадом шахсро даюс мегўянд? 4. Барои хондани дарс ва имтиҳон кадом оятҳоро бояд хонд?

Савол:

Саволдиҳанда: Бандаи Худо

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. 1. Бародари азиз, шумо аз дуконҳои китобфурўшии назди Маркази исломӣ китоби Қуръонро дастрас карда метавонед. 2. Закот бар шахсе фарз аст, ки дорои нисоби закот, яъне молики 20400 сомонӣ бошад. Пас аз гузаштани як сол ба андозаи 510 сомонӣ ба фақире  ё мискине ҳамчун закот мепардозад. Агар ин миқдор маблағро молик набошад, бар ў закот фарз намешавад. Агар касе молики нисоб набошад ва ба шахсе маблағе диҳад, ин амалаш садақа ва эҳсон ҳисоб шуда, дар ивази он аҷру савоб мегирад, аммо закот ба ҳисоб намеравад. Ба ашхоси маҷнун ва девона додани закот дуруст нест, вале агар ба сарпарасти ў диҳад, ҷоиз аст. 3. Яке аз сабабҳои иҷобат нашудани дуо парҳез накардан аз гуноҳ ва ихлос надоштан аст. 4. Даюс шахсеро мегўянд, ки амалҳои номашруъи маҳрамонашро мебинад, вале парвое надорад. Барои фаҳмидану аз худ кардани дарс ва комёб шудан дар имтиҳон зикрҳои субҳу шомро хонед ва пас аз намозҳо дуо кунед, иншоаллоҳ ба мақсадатон мерасед.

2019-01-15
2894
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54