Савол № 02034

Соли 2017 дар моҳи Рамазон ҳомила будам, аз ин рў, рўза дошта натавонистам. Акнун чор рўз аст, ки рўза медорам. Як моҳ рўза дорам, қарзам адо мешавад? Дар ин ҳолат “нияти қазоӣ” гуфта рўза дорам? Намози нафлу шукрона ва тасбеҳ хонда мешавад?

Савол:

Ассалому алайкум. Соли 2017 дар моҳи Рамазон ҳомила будам, аз ин рў, рўза дошта натавонистам. Акнун чор рўз аст, ки рўза медорам. Як моҳ рўза дорам, қарзам адо мешавад? Дар ин ҳолат “нияти қазоӣ” гуфта рўза дорам? Намози нафлу шукрона ва тасбеҳ хонда мешавад?

Саволдиҳанда: Бунафша 

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, шумо як моҳ бояд рўза доред, дар ин ҳолат қарзи шумо адо мешавад. Дар вақти ба ҷо овардани қазои рўза нияти рўзаи қазоӣ мекунед, вале пай дар пай доштани он шарту ҳатмӣ нест, метавонед, ки онро ба сурати ҷудо-ҷудо низ адо кунед. Намози нафл ихтиёрӣ аст ва чанд ракъат, ки мехоҳед метавонед бигузоред.

2019-03-11
2496
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54