Савол № 02072

Пиразане бо писараш ба умра рафт. Оё ба сабаби рафтан ба умра ҳаҷ бар онҳо фарз мешавад?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Пиразане бо писараш ба умра рафт. Оё ба сабаби рафтан ба умра ҳаҷ бар онҳо фарз мешавад?

Саволдиҳанда: Алоуддин

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, умра суннат аст ва вақти муайян надорад, дар тўли умр ҳар гоҳе онро адо кунад, дуруст мешавад. Аммо ҳаҷ вақти муайян ва шартҳои хос дорад, дар сурати фароҳам шудани шартҳои он дар ҳамон вақти муайянаш, яъне дар мавсими ҳаҷ (моҳи Зулҳиҷҷа) бояд ба ҷо оварда шавад. Лизо касе, ки ба умра меравад, ҳаҷ бар зиммаи ў фарз намегардад. 

2019-04-09
3648
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:38
Пешин12:40
Аср17:31
Шом19:36
Хуфтан21:06