Савол № 02211

Намози витрро пеш аз намози таҳаҷҷуд мегузоранд ё баъд аз он? Нияти намози таҳаҷҷуд чигуна аст?

Савол:

Ассалому алайкум. Намози витрро пеш аз намози таҳаҷҷуд мегузоранд ё баъд аз он? Нияти намози таҳаҷҷуд чигуна аст?

Саволдиҳанда: Шервон

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар шумо ба бедор шуданатон қабл аз субҳ бовар дошта бошед, дар ин сурат намози витрро пас аз таҳаҷҷуд гузоред. Агар ба бедор шудан дар охири шаб бовар надошта бошед, витрро пас аз намози хуфтан бигузоред. Равиши нияти намози таҳаҷҷуд чунин аст: Ният кардам бигузорам ду ракъат намози таҳаҷҷуд, рўй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу акбар.

2019-06-29
2833
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:44
Пешин12:40
Аср16:55
Шом18:54
Хуфтан20:24