Савол № 02241

Барои дафъи бод кадом дуо ва сураҳо хонда мешавад? 2. Қасида чӣ маъно дорад? Дар қасидахонӣ кадом дуоҳо хонда мешавад? 3. Руқя чӣ маъно дорад? Дар руқяхонӣ кадом дуоҳо ва сураҳо хонда мешавад? Оё ин се намуди дуохонӣ асоси шаръӣ доранд?

Савол:

Ассалому алайкум. 1. Бод чӣ маъно дорад? Барои дафъи бод кадом дуо ва сураҳо хонда мешавад? 2. Қасида чӣ маъно дорад? Дар қасидахонӣ кадом дуоҳо хонда мешавад? 3. Руқя чӣ маъно дорад? Дар руқяхонӣ кадом дуоҳо ва сураҳо хонда мешавад? Оё ин се намуди дуохонӣ асоси шаръӣ доранд?

Саволдиҳанда: Тоҷиддин

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, бод ба маънои дам аст ва дар урф як навъ бемориро мегўянд, ки одатан дар кому даҳони инсон пайдо мешавад, яъне дар даҳон ва ком сурхӣ дамида, сўзиш пайдо мекунад ва мудом аз он об меравад. Барои муолиҷаи бемории бод сураи «Фотиҳа», аввали сураи «Бақара» (ояти 1-6), «Оятулкурсӣ», охири сураи «Бақара» (ояти 284-286), сураи «Ғошия», «Шарҳ» ва сураҳои «Кофирун», «Ихлос», «Фалақ» ва «Нос» хонда мешавад. Барои муолиҷаи ин беморӣ 21 бор хондани сураи “Ғошия” низ ворид шудааст. 2. Қасида як навъи шеър аст, ки дар васфи касе ё чизе суруда мешавад. Дар урф қасида асосан ба он ашъоре гуфта мешавад, ки дар васфи Худованд ё дар наъти Расули Худо (с) суруда шудааст. Дар қасидахонӣ бештар қасидаи “Бурда”-ро барои афроди ҷинзада мехонанд. Оиди ин усули табобат дар ҳадисҳои набавӣ далеле ворид нашудааст, вале истеъмоли он дар урф роиҷ аст. 3. Руқя ба маънои таъвиз ва афсун аст ва дар истилоҳи шаръӣ аз маҷмўаи дуоҳое иборат аст, ки дар асоси оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ барои табобати беморони ҷинзада, сеҳркардашуда, ба тарс ва ё ҳасад гирифторшуда тартиб дода шудааст. Табобати беморони рўҳӣ бо усули руқяи шаръӣ аз дидгоҳи шариати Ислом саҳеҳ ва дуруст буда, дар тибби суннатӣ маъмул аст.

2019-07-13
6890
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:09
Пешин12:40
Аср17:18
Шом19:16
Хуфтан20:47