Савол № 02246

Дар моҳи Рамазон ба сабаби ғалабаи шаҳват шаш рўз рўза дошта натавонистам. Чӣ каффорат дорад?

Савол:

Ассалому алайкум. Дар моҳи Рамазон ба сабаби ғалабаи шаҳват шаш рўз рўза дошта натавонистам. Чӣ каффорат дорад?

Саволдиҳанда: Абдурраҳм

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар шумо дар ин шаш рўз нияти рўза нокарда чизе хўрдаед ва ё бо ҳамсаратон ҳамхоба шуда бошед, дар ин сурат фақат рўзаи ҳамон шаш рўзро қазо медоред. Агар пас аз нияти рўза кардан чизе хўрдаед ё ҳамхоба шудаед, пас лозим аст, ки ду моҳ паёпай рўзаи каффорат ва шаш рўз рўзаи қазоӣ доред.

2019-08-23
3622
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54