Савол № 02250

Шахсе, ки аз хона ба нияти кор ба муҳлати аз 10 то 14 рўз ба масофаи зиёда аз 100 км сафар мекунад, намозашро чӣ тавр мегузорад?

Савол:

 Ассалому алайкум. Шахсе, ки аз хона ба нияти кор ба муҳлати аз 10 то 14 рўз ба масофаи зиёда аз 100 км сафар мекунад, намозашро чӣ тавр мегузорад?

Саволдиҳанда: Рамазон

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, масофаи қаср 120 км муқаррар шудааст, аз ин рў, касе нияти паймудани ин масофа ё зиёда аз онро дошта бошад, бояд намозро қаср кунад, яъне намозҳои чаҳорракъатии пешин, аср ва хуфтанро ду ракъат бигузорад. Агар масофа байни хона ва он мавзеъе, ки ба он ҷо нияти рафтан дорад, камтар аз ин миқдор бошад, намозҳояшро пурра мегузорад.

2019-08-23
3204
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:44
Пешин12:40
Аср16:55
Шом18:54
Хуфтан20:24