Савол № 02256

Чаро баъзе одамон дар вақти шунидани садои азон худро меҷунбонанд?

Савол:

Чаро баъзе одамон дар вақти шунидани садои азон худро меҷунбонанд?

Саволдиҳанда: Умед

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, дар аснои шунидани садои азон худро каме ҳаракат додан амали мубоҳ аст, вале суннат ин аст, ки шунавандагон калимаҳои азонро такрор намуда, пас аз ҷумлаи “Ҳайя алас-салот” “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ” ва баъд аз “Ҳайя алал-фалоҳ” “Мо шоаллоҳу кона ва мо лам яшаъ лам якун” гўянд. Абўсаиди Худрӣ (р) ривоят мекунад Ҳазрати Паёмбар (с) фармуданд: «Ҳар гоҳ ки садои азонро шунидед, пас, он чиро муаззин мегўяд, шумо ҳам бигўед». (Ривояти Бухорӣ).

2019-12-13
2396
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54