Савол № 02269

Чаро дар ракъатҳои севуму чаҳоруми намозҳои фарзӣ сурае зам карда намешавад?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Чаро дар ракъатҳои севуму чаҳоруми намозҳои фарзӣ сурае зам карда намешавад? 

Саволдиҳанда: Файзалӣ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар ракъатҳои сеюм ва чоруми намозҳои фарзӣ хондани сураи “Фотиҳа” кофӣ аст, зеро дар ривоят омадааст, ки Расули Худо (с) дар ду ракъати аввали намози пешин сураи “Фотиҳа” ва ду сураи дигарро қироат мекарданд ва дар ду ракъати охир танҳо сураи “Фотиҳа”-ро мехонданд. (Ривояти Бухорӣ ва Абўдовуд)

2020-01-25
2730
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54