Савол № 02296

Агар зан бо каси дигар ҳамхоба шавад, талоқ мешавад ё на? Агар зан қасам хўрад, ки “агар бо дигар касе ҳамхоба шуда бошам, фарзандонам бимиранд, Худо ва Қуръон маро занад”, вале далелҳо нишон медиҳад, ки ин зан дурўғ мегўяд, аз нигоҳи шариат оқибати ин гуна зан чӣ мешавад?

Савол:

Ассалому алайкум. Агар зан бо каси дигар ҳамхоба шавад, талоқ мешавад ё на? Агар зан қасам хўрад, ки “агар бо дигар касе ҳамхоба шуда бошам, фарзандонам бимиранд, Худо ва Қуръон маро занад”, вале далелҳо нишон медиҳад, ки ин зан дурўғ мегўяд, аз нигоҳи шариат оқибати ин гуна зан чӣ мешавад?

Саволдиҳанда: Салоҳиддин

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ба сабаби зино кардан талоқ воқеъ намешавад, аммо зино ба иқрори худи ў ё ба вуҷуди шоҳидон исбот мешавад, агар қасдан қасам хўрда бошад, гунаҳгор мешавад. Набояд фаромўш кард, ки зино бебаракатию наҳсӣ ва дар зиндагии оянда озору азияти фарзандонро ба бор меорад.

2020-04-03
2801
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:14
Пешин12:40
Аср17:14
Шом19:13
Хуфтан20:44