Савол № 02309

Ман дар кишвари Русия қарор дорам. Рўзе байни ману ҳамсарам ҷанҷол шуд, дар ҳолати асабоният гуфтам, ки “ҷавобатро додам, ба хонаи падару модарат рав”, аммо ў нарафт. Фардои он рўз занг зада гуфтам, ки “се талоқат кардам”. Алҳол пушаймонам, ду фарзанд дорам. Оё метавонам, ки боз никоҳ кунам?

Савол:

Ассалому алайкум. Ман дар кишвари Русия қарор дорам. Рўзе байни ману ҳамсарам ҷанҷол шуд, дар ҳолати асабоният гуфтам, ки “ҷавобатро додам, ба хонаи падару модарат рав”, аммо ў нарафт. Фардои он рўз занг зада гуфтам, ки “се талоқат кардам”. Алҳол пушаймонам, ду фарзанд дорам. Оё метавонам, ки боз никоҳ кунам?

Саволдиҳанда: Фахриддин

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар сурати мазкур ҳамсари шумо фақат як талоқи боин шуда, се талоқи дар охир гуфтаатон бекор аст, бинобар ин таҷдиди никоҳ дар миёни шумо дуруст аст, ба шарте ки қабл аз ин байнатон талоқ воқеъ нашуда бошад. Аз он ҷо ки масоили талоқ паҳлуҳои гуногун дорад, беҳтар аст, ки шумо дар сурати имкон ба Раёсати фатво муроҷиат кунед.

2020-04-15
2319
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:57
Пешин12:40
Аср17:23
Шом19:22
Хуфтан20:53