Савол № 02340

Шахсе таҳорат карда масҳӣ пўшид, пас аз як ё ду соат масҳиро баровард, дар ин сурат шустани пойҳо лозим аст? Оё сигор таҳоратро мешиканад?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. 1. Шахсе таҳорат карда масҳӣ пўшид, пас аз як ё ду соат масҳиро баровард, дар ин сурат шустани пойҳо лозим аст? 2. Оё сигор таҳоратро мешиканад?

Саволдиҳанда: Қудратуллоҳ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Бародари азиз, агар қабл аз баровардани масҳӣ ё баъд аз баровардани он таҳорати ин шахс шикаста бошад, дар ин сурат аз нав таҳорати комил карда, масҳиро мепўшад. Агар баъд аз баровардани масҳӣ таҳораташ ҳамчунон боқӣ бошад, дар ин ҳолат метавонад, ки пойҳояшро ношуста масҳиро дубора бипўшад, зеро ба масҳӣ масҳ накашидааст. 2. Сигор кашидан таҳоратро намешиканад, вале пас аз ин амал таҳорат кардан матлуб ва хуб аст.

2020-04-22
2880
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:53
Пешин12:40
Аср17:25
Шом19:24
Хуфтан20:55