Савол № 02360

Атса задан дар вақти намоз оё он намозро фосид мекунад?

Савол:

Ассалому алайкум. Атса задан дар вақти намоз оё он намозро фосид мекунад?

Саволдиҳанда: Ҳисомиддин

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, атса задан дар аснои намоз, он намозро фосид намекунад, балки ҷавоби атса додан намозро фосид месозад, яъне агар шахс дар аснои намоз атса занад ва шахси дигаре ба ў “ярҳамукаллоҳ” гуфта ҷавоб гардонад, дар ин ҳолат намози шахси ҷавобдиҳанда табоҳ мешавад ва бояд он намозро аз сар гузорад.

2020-05-07
2487
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54