Савол № 02458

Ба ғайр аз 10-12 сураи кўтоҳе, ки медонам, оё метавонам дар намоз аз рўи барномаи телефон ё худи Қуръон сураҳои дарозро бихонам? 2. Дар танҳоӣ таровеҳ бояд хонд ё намози хуфтан?

Савол:

Ассалому алайкум. 1. Ба ғайр аз 10-12 сураи кўтоҳе, ки медонам, оё метавонам дар намоз аз рўи барномаи телефон ё худи Қуръон сураҳои дарозро бихонам? 2. Дар танҳоӣ таровеҳ бояд хонд ё намози хуфтан?

Саволдиҳанда: Ҳаким

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, агар барномаи телефонро бо як даст идора карда тавонед, метавонед, ки дар намоз аз рўи он сураҳои Қуръонро қироат кунед. 2. Намози таровеҳ барои ҳар як фарди мусулмон суннати айн аст, хоҳ онро бо ҷамоат мегузорад, хоҳ ба танҳоӣ. Бинобар ин, шумо пас аз гузоридани намози хуфтан ва суннати он ҳатман намози таровеҳ ва сипас намози витрро бигузоред.

2020-06-02
3081
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:44
Пешин12:40
Аср16:55
Шом18:54
Хуфтан20:24