Савол № 02465

Дар бораи талоқ маълумот гирифтан мехостам.

Савол:

 

Дар бораи талоқ маълумот гирифтан мехостам.

Саволдиҳанда: Бахтовар

 

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, талоқ ба эътибори лафз ду навъ аст: Сареҳ ва киноя. Лафзи сареҳ он аст, ки ѓайр аз талоқ эҳтимоли дигар надорад. Мисол: Шахсе ба ҳамсари худ мегўяд, ки «Ту талоқӣ» ё «туро талоқ додам» ё «ҳамсари ман талоқ аст». Дар ин гуфтаҳо зан як талоқи раҷъӣ мешавад, агарчи нияти бештаре дошта бошад.  Маънои раҷъӣ он аст, ки шавҳар бе таҷдиди никоҳ метавонад ба ҳамсараш рўҷўъ кунад ва зиндагияшро идома диҳад.  

Лафзи киноя он аст, ки мақсади он пўшида аст ва эҳтимоли талоқ ва ѓайри онро дорад, бинобар ин дар лафзи киноя ният шарт аст. Бо лафзи киноя талоқи боин воқеъ мешавад ва агар нияти се талоқро дошта бошад, се талоқ воқеъ мегардад. Мисол: Марде ба ҳамсараш ба нияти талоқ бо лафзи киноя гўяд: «Ҷавобатро додам», дар ин сурат зан як талоқи боин шуда, пас аз таҷдид (тоза кардан)-и никоҳашон метавонанд зиндагияшонро идома диҳанд. Бояд қайд намуд, ки масъалаи талоқ паҳлуҳои гуногун ва тафсилоти зиёд дорад, аз ин рў, барои ба даст овардани маълумоти бештар шумо аз дуконҳои китобфурўшӣ китоби «Анисуннисо»-ро дарёфт карда мутолиа кунед.

2020-12-05
369
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:56
Пешин12:40
Аср15:35
Шом17:44
Хуфтан19:14