Савол № 02524

Намози қаср чӣ гуна ва дар кадом ҳолат гузорида мешавад? Оё дар вақти қаср суннатҳоро хондан лозим аст?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Намози қаср чӣ гуна ва дар кадом ҳолат гузорида мешавад? Оё дар вақти қаср суннатҳоро хондан лозим аст?

Саволдиҳанда: Наҷибуллоҳ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, намози қаср фақат ду ракъат аст, яъне агар шахсе масофаи 120 км-ро тай кардан хоҳад, мусофир ба шумор меравад ва дар ин ҳолат намозҳои чаҳорракъатии фарзро ду ракъат мегузорад, вале суннатҳоро пурра мехонад. Намози шомро низ пурра мехонад, зеро намози серакъатӣ қаср надорад. Қобили зикр аст, ки ҳазрати Пайғамбар (с) намозҳои суннатро дар ҳама ҳол хондаанд, хоҳ дар сафар бошад, хоҳ дар ҳазар (хона), фақат дар ҳолати зарурат онро тарк намуданд.

2021-04-08
2044
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54