Савол № 02526

Вадӣ, мазӣ ва манӣ чӣ гунаанд? Оё бо дидани онҳо ғусл воҷиб мешавад?

Савол:

Вадӣ, мазӣ ва манӣ чӣ гунаанд? Оё бо дидани онҳо ғусл воҷиб мешавад?

Саволдиҳанда: Аҳмад

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, обе, ки аз андоми ниҳонии мард ё зан берун меояд: се қисм аст: мазӣ, вадӣ ва манӣ. Мазӣ обест, ки ҳангоми шўхӣ ва оғўш гирифтани зан берун меояд. Ин навъ вузўро мешиканад, вале ғусро воҷиб намегардонад. Вадӣ обест, ки пас аз пешоб аз ҷиҳати сустии асабҳо берун меояд. Ин ҳам фақат вузўро мешиканад, аммо ғусл ба он воҷиб намешавад. Манӣ ҳамон нутфа аст, ки дар вақти ҳамбистарӣ бо зан ва ё нигоҳи бошаҳват бо фишору лаззат берун меояд. Хуруҷи манӣ ғуслро воҷиб мегардонад.

2021-04-08
2640
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:57
Пешин12:40
Аср17:23
Шом19:22
Хуфтан20:53