Савол № 02693

Оё нофаҳмида хўрдани чизе ё нўшидани об рўзаро мешиканад?

Савол:

Оё нофаҳмида хўрдани чизе ё нўшидани об рўзаро мешиканад? 

Саволдиҳанда:Абдулло

Ҷавоб:

Дар китоби «Хулосатул-масоил», ҷ. 1, с. 123 меорад: «Агар шахси рўзадор ба фаромўшӣ чизе хўрд ё нўшид ё ҷимоъ (алоқаи ҷинсӣ) кард, рўза фосид намешавад, агарчи такроран ин аъмолро анҷом диҳад». Дар Саҳеҳи Бухорӣ аз Абўҳурайра (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Агар ба фаромўшӣ бихўрад ва биёшомад, пас бояд рўзаашро комил созад, чунки Худованд ўро таом ва об додааст». (Ал-фиқҳу-л-ҳанафийю ва адиллатуҳу, ҷ. 1, с. 371). Вале агар луқмаи ғизо ё ҷуръаи об дар даҳонаш бошад ва рўза ба хотираш расид, бо вуҷуди ин он луқма ё ҷуръаро фурў барад, рўзаааш мешиканад ва қазову каффорат лозим мегардад.

2022-04-21
1187
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54