Савол № 02751

Аз синни бисту панҷсолагиам хондани намозро оғоз кардам.Мехоҳам ҳамаи намозҳои қазокардаамро ба ҷо оварам. Намозҳои қазоиро чӣ тавр бояд гузорам?

Савол:

Ассалому алайкум. Аз синни бисту панҷсолагиам хондани намозро оғоз кардам.Мехоҳам ҳамаи намозҳои қазокардаамро ба ҷо оварам. Намозҳои қазоиро чӣ тавр бояд гузорам?

Саволдиҳанда:Парвиз

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, равиши гузоридани намози қазоӣ монанди намози адоӣ аст, фарқ танҳо дар ин аст, ки “намози қазоӣ” гуфта ният мекунад. Агар шумо, ки намозҳои якрўзаи қазоии гузаштаро ба ҷо овардан хоҳед, барои аввали онҳо азону иқомат гўед ва дар намозҳои боқимонда фақат иқомат гуфтан кофӣ аст. Пас аз адои намози қазоӣ гуфтани тасбеҳот шарт нест, вале агар гўед, хуб аст ва савоб мегиред. Хондани намози қазоӣ дар ҳама вақт дуруст аст, ба ҷуз се вақт: вақти тулўъи офтоб, вақти рост шудани офтоб дар осмон ва дар вақти ғуруби он. Тариқи осони адои намозҳои қазоӣ ин аст, ки пас аз гузоридани ҳар як намози вақтӣ як ё чанд намози қазоиро ба ҷо оваред, иншоаллоҳ ҳамаи намозҳои қазоии худро адо хоҳед кард.

2022-08-01
1889
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25