Савол № 02765

1. Тоқӣ ё салла гузоштан суннат аст? Аз ҳадисҳо далел меовардед, зеро баъзеҳо мегўянд, ки суннат нест, балки расми мардуми араб аст. 2. Чаро дар назди хонаи Худо мардон сари бараҳна ва либосҳои нимаурён намоз мегузоранд?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. 1. Тоқӣ ё салла гузоштан суннат аст? Аз ҳадисҳо далел меовардед, зеро баъзеҳо мегўянд, ки суннат нест, балки расми мардуми араб аст. 2. Чаро дар назди хонаи Худо мардон сари бараҳна ва либосҳои нимаурён намоз мегузоранд?

Саволдиҳанда:Ҳасан

Ҷавоб:

Бародари азиз, пўшидани сар аз ҷумлаи одоби либоси мусулмонӣ ва аз суннати набавӣ аст. Расули Худо (с) ҳеҷ вақт сари бараҳна намоз нагузоридаанд. Худованд дар ояти 31-уми сураи Аъроф мефармояд: “Эй фарзандони Одам, ба вақти ҳар намоз ороиши худро бигиред”. Муфассирон мегўянд, ки дар ин оят либос бо лафзи “зинат”, яъне ороиш таъбир шудааст ва ишора ба ин аст, ки ҳар намозгузоре мувофиқ ба тавоноии худ беҳтарин либосро дар вақти намоз бипўшад. Чунончи ҳазрати Имом Ҳасан (р) одат доштанд, ки дар вақти намоз беҳтарин либоси худро мепўшид ва мефармуд: “Аллоҳ таъоло зебоиро меписандад, аз ин рў, ман барои ризои Худо зебоӣ ва ороишро интихоб мекунам”. Пас пўшидани сар низ аз ҷумлаи зинат ва ороиши намоз ва аз суннати Расули акрам (с) аст, ки бояд риоя шавад. 2. Дар мавсими ҳаҷҷу умра вақте ки шахсе либоси эҳром мепўшад, сарро бояд бараҳна намояд, зеро ин аз талаботи ҳаҷ ва аҳкоми дин аст. Эҳром ду порча матоъи сафеди нодўхта аст, ки ҳоҷӣ дар вақти ҳаҷ ё умра онро ба тан мекунад. 

2022-11-24
1321
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54