Савол № 00706

Пеш аз ғусл кардан таҳорат кардан зарур аст ё не? Баъди ғусл кардан ё оббозӣ намудан кифоя аст, ки намоз хонем ё бояд таҳорат кунем?

Савол:

Салом домуллои азиз! Якчанд савол доштам, аз Шумо хоҳиш мекунам, ки пурра мефаҳмондед. 1. Пеш аз ғусл кардан таҳорат кардан зарур аст ё не? 2. Баъди ғусл кардан ё оббозӣ намудан кифоя аст, ки намоз хонем ё бояд таҳорат кунем?

Саволдиҳанда:Шамсулло.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, пеш аз анҷоми ғусл таҳорат кардан аз ҷумлаи суннатҳои ғусл ба шумор меравад. Агар шумо бидуни таҳорат ғусл карда бошед, дар ин сурат ғуслатон саҳеҳ мешавад ва покии бадан ҳосил мегардад, аз ин рў, дигарбора барои намоз таҳорат кардан лозим нест, метавонед, ки бо ин ғусл намозатонро адо намоед. Таълими Ислом, с. 99-101. 

2016-12-08
4457
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54