Савол № 00754

Дар замони ҳозира масҳиҳое, ки мебароранд, онҳо каме кӯтоҳ бароварда шудааст ва боз мисли наскӣ ғафс нест, аз буҷулаки пой поён аст, , оё ин намуд масҳиҳоро пӯшида ба рӯяш масҳ кашидан ҷоиз аст ё не?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам, аз Шумо илтимос мекунам ба суоли ман ҷавоб диҳед. Дар замони ҳозира масҳиҳое, ки мебароранд, онҳо каме кӯтоҳ бароварда шудааст ва боз мисли  наскӣ ғафс нест, аз буҷулаки пой поён аст, , оё ин намуд масҳиҳоро пӯшида ба рӯяш масҳ кашидан ҷоиз аст ё не? Бисёр шахсон ҷоиз нест гуфтанд ё ин ки ҷоиз бошад?

Саволдиҳанда:Фаридун.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, масҳӣ аз нигоҳи шаръ он пойафзолеро мегӯянд, ки аз чарм духта шудааст ва буҷулаки пойро ба пуррагӣ пӯшонад, пас масҳ болои он ҷоиз аст, дар ғайри ин сурат ҷоиз нест. Вале ҷӯробҳое, ки таги онҳо ё тагу болои онҳо бо чарм бошанд ва чармаш буҷулаки пойро ҳам ки напушонанд, масҳ болои онҳо ҷоиз аст, вале худи ҷуроб бояд буҷулаки пойро пӯшонад ва ғафс бошад, инчунин дар вақти кашидани пойафзол аз буҷулак поин нашавад, зеро дар ин сурат масҳ мешиканад ва шустани пой лозим мегардад. (“Мухтасар-ул-виқоя”, китоби таҳорат, фасли масҳ, саҳ. 6-7)

2016-12-27
4099
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:09
Пешин12:40
Аср17:18
Шом19:16
Хуфтан20:47