Савол № 00776

Оё нос ва сигор, яъне тамоку таҳоратро мешиканад?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Оё нос ва сигор, яъне тамоку таҳоратро мешиканад? Бо далелҳо ҷавоб диҳед.

Саволдиҳанда:Фирӯз.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар китобҳои фиқҳӣ оиди шикастани таҳорат аз носу сигор зикре ба миён наомадааст. Аммо асли масъала дар ин ҷост, ки ҳадаф аз таҳорат чист? Шоир мегӯяд:

Чун биёрӣ таҳорати зоҳир,

Ботинат низ Ҳақ кунад тоҳир.

Абӯҳомиди Ғазолӣ дар китоби «Арбаин» мегӯяд: «Баъид нест, ки покии зоҳир дар ботин таъсир кунад ва нуре аз зоҳир ба қалб битобад, зеро вақте ки инсон ба таври комил вузӯ месозад ва назофатро риоя мекунад, сафо ва оромишу кушоише дар қалбаш эҷод мешавад, ки қабл аз он вуҷуд надоштааст». Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ҳадафи асосӣ аз пок кардани зоҳир пок намудани қалб аз ҳама олудагиҳо ва кудуратҳо мебошад. Пас шахсе, ки носу сигор истеъмол мекунад, маълум аст, ки на танҳо зоҳиру ботинашро олуда месозад, балки ба муҳит ва атрофиёни худ зарарҳои маънавӣ мерасонад. Бинобар ин афзалу беҳтар он аст, ки пас аз кашидани нос ва ё сигор таҷдиди вузӯ кунад.  

2017-01-07
5248
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54