Савол № 00782

Оё дар бораи шикастани таҳорат ба сабаби ҷорӣ шудани хун аз бадан ягон ҳадис вуҷуд дорад?

Савол:

Ассалому алайкум. Оё дар бораи шикастани таҳорат ба сабаби ҷорӣ шудани хун аз бадан ягон ҳадис вуҷуд дорад?

Саволдиҳанда:Яъқуб.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, хуне, ки аз бадан ҷорӣ мешавад, таҳоратро мешиканад, зеро Расули Худо (с) фармудаанд:

الوضوءُ مِن كلِّ دمٍ سائل ".

“Таҳорат аз ҳар навъ хуни ҷоришаванда воҷиб мегардад”. (Ривояти Дорақутнӣ). (“Фатҳу бобил-иноя”, ҷ. 1, с. 139-140)

2017-01-08
4633
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54