Савол № 00803

Агар мард дар ҳолати ҷангу ғазаб зани худро сад талоқ кунаду боз ҳар ду пушаймон шаванд, ривоят дорад, ки аз сари нав никоҳи ҳалол карда зиндагӣ кунанд?

Савол:

Ассалому алайкум. Агар мард дар ҳолати ҷангу ғазаб зани худро сад талоқ кунаду боз ҳар ду пушаймон шаванд, ривоят дорад, ки аз сари нав никоҳи ҳалол карда зиндагӣ кунанд? Илтимос ҷавоби муфассалтар диҳед, ки бисёр зарур аст.

Саволдиҳанда: Сайфулло.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар сурати мазкур мард дигар ҳаққи идомаи зиндагиро бо ҳамсараш надорад. Азбаски масъалаи талоқ печида ва ниёз ба тафсилоти бештар дорад, хуб мебуд, ки ба Раёсати фатво муроҷиат мекардед.

2017-01-17
3658
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54