Савол № 00828

Агар ҳангоми хондани намоз баъд аз сано ба ҷои сураи “Фотиҳа” якбора сурае хонд, сипас сураро тамом нокарда ба ёдаш омад, чӣ бояд кунад?Закотро аввал ба қарздор (қарзи бо фоиздиҳанда) бояд дод ё ба мискин, ба кадомаш авлотар аст?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. 1. Агар ҳангоми хондани намоз баъд аз сано ба ҷои сураи “Фотиҳа” якбора сурае хонд, сипас сураро тамом нокарда ба ёдаш омад, чӣ бояд кунад? 2. Закотро аввал ба қарздор (қарзи бо фоиздиҳанда) бояд дод ё ба мискин, ба кадомаш авлотар аст?

Саволдиҳанда: Шукридин.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Бародари азиз, дар сурати мазкур сураи “Фотиҳа”-ро хонда, сипас замми сура мекунад ва намозашро ба итмом мерасонад. 2. Закотро аввал ба мискин, сипас ба қарздор диҳад, ин авло аст. (“Хулосатул-масоил”, ҷ. 1, с. 72-76)

2017-01-28
4447
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54