Асосӣ Хабарҳо Табрикоти Шўрои уамои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Табрикоти Шўрои уамои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Табрикоти  Шўрои уамои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба муносибаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон
2021-04-13
4268

Ба номи он ки ҳастӣ ном аз ў ёфт,

     Фалак гардиш, замин ором аз ў ёфт…

 

Ҳамду сано Худовандро, ки моро ба беҳтарин сурат офарид ва ба мо неъматҳои фаровон ва ақлу тадбир ато намуд. Дуруду саломи бепоён бар хотами пайғамбар он - ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва бар ҳамаи хонадону ёронаш бод!

Ҳамватанони гиромӣ баъди чанд рўз моҳи шарифи Рамазон меҳмони кулли мамолики мусалмоннишини олам, аз ҷумла Ҷумҳурии азизи мо Тоҷикистон мегардад. Ин моҳи муқаддас барои ҳар сокини Тоҷикистон, новобаста аз таалуқоташ ба ин ё он дину мазҳаб, азизу гиромист. Барои онҳое, ки худро пайрави дини мубини Ислом медонанд, ин моҳи шариф бузургтарин ва муқаддастарин моҳи солшумории ҳиҷрии қамарист ва риояи ҳар муқаррароти он муҳтарам дониста мешавад.

Боиси саодатмандиву иқболи баланди мардуми мост, ки ин моҳи муборак ба замоне рост омадааст, ки халқи тоҷик дар фазои сулҳу осудагӣ ва ваҳдати комил зиндагӣ дорад. Фаро расидани моҳи шарифи Рамазон падидаи хеле азизу арҷманд аз нигоҳи арзишҳои ахлоқиву маънавӣ ва умедҳои нек ба фардои мутараққӣ ҳам як неъмати бебаҳои  худовандист.

Аз ҳикматҳои Илоҳист, ки мардум бояд ҷамъу муваҳҳид ва дар иттиҳоду ҳамбастагӣ бошанд, манофеи умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ ва гурўҳӣ болотар ҳисобанд, барои фардои наслҳои оянда кишвари ободро ба мерос гузоранд. Ҳам дар каломи бузурги Худованди тавонову якто – Қуръони карим ва ҳам дар аҳодиси Паёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) моҳи Рамазон ҳамчун моҳи файзу баракат, хайру саховат, раҳмату мағфират, омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳо таъкид ва ёдрас шудааст. Гиромӣ донистани ин моҳи шариф барои муслимини олам аз он сарчашма мегирад, ки дар он китоби муқаддаси Қуръон – ҳамчун ҳидоятгару раҳнамои башарият нозил шудаааст. Ин моҳ арзишҳо ва ҳикматҳое дорад, ки барои ҷаҳониён сабақомўз ва намунаи ибратанд. Ҷудо кардани адолат аз беадолатӣ, нек аз бад, асл аз хурофот, дониш аз ҷаҳолат ва ҳақ аз ботил яке аз чунин арзишҳо ба шумор меравад.

Чунонки Худованд дар каломи шарифи хеш (ояти 185-уми сураи «Бақара») мефармояд: «Моҳи Рамазон моҳест, ки дар он Қуръон фурў фиристода шудааст, китобе, ки мардумро роҳбар ва дарбаргирандаи далоили ошкори ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст.  Ва ҳар ки аз шумо ин моҳро дарёбад, пас, албатта, дар он рўза дорад ва ҳар ки бемор ё мусофир бошад, пас, барои вай ба шумори он чи фавт шуд, аз рўзҳои дигар лозим аст. Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад».

Парҳезгорӣ ва зиндагии ҳалолу покиза, мурувват намудан ба атрофиён, дасти фитодаҳоро гирифтан, кўмак кардан ба бародарони худ аз рўи тавону имкон, худдорӣ аз ҳама амалҳои ношоиста, доштани ахлоқи накў ва нерў бахшидани он тавассути амалҳои хайру савоб, худро ҷузъи ҷомеа ва ҷомеаро ҷузъи худ ҳисобидан ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки дар ин моҳи шариф барои рўзадорон ҳатмӣ шумурда мешаванд.

Муҳимтарин хислати ин моҳи шариф ҳамин аст, ки зоҳиру ботини фарди мусалмон бояд ягона бошад, сабру таҳаммул дар қалбу ҷисмҳо маҳкам ҷой бигирад, тамкину матонат инсонҳоро раҳнамо гардад, агар ба таври хулоса гўем, инсон дорои иродаи устувор бошад. Маҳз иродатмандӣ асосу решаи зиндагии поку беолоиши ҳар мусалмон дар Рамазон хоҳад буд. Фазилати дигари Рамазон аст, ки инсонҳо ба тартибу низоми зиндагии хеш таҷдиди назар мекунанд ва зеҳну андешаи худро зери партави каломи илоҳӣ мунаввар месозанд.

Аз Абўҳурайра (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармудаанд: «Тамоми аъмоле, ки фарзанди Одам анҷом медиҳад, аз даҳ то ҳафтсад баробар ба онҳо подош дода мешавад, магар рўза, ки Парвардигор мефармояд: «Рўза барои ман аст ва ман подошашро хоҳам дод. Инсони рўзадор ба хотири ман хўрдану нўшидан ва ҳавои нафсашро тарк кардааст». Рўзадор ба ду хушҳолӣ даст меёбад: аввалин хушҳолӣ ба ҳангоми ифтор ва дувумин хушҳолӣ ҳангоми мулоқоти Парвардигор. Бўйи даҳони рўзадор дар назди Худо аз бўйи мушк хушбўтар аст». 

            Анҷом додани амалҳои хайру савоб, боз намудани дари саховату ҳиммат на ба хотири дарёфти мартабаву обрўю эътибор миёни аҳли ҷомеа, балки ба хотири ризои Худованд аз ҳикматҳои дигари ин моҳи азизу муқаддас мебошад. Шахсе, ки дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худо як амали нек ва ё як кори хайру савобро анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст. Яке аз амалҳои хайру савобе, ки маҳз дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани он таъкид шуда аст, садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон ба шумор меравад.

Дар ин бобат Паёмбари гиромӣ фармудаанд: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад». Тибқи ахлоқ ва одоби исломӣ инсон бояд ба шукронаи Худованд бо дасту дили кушод ва аз заҳмати поку ҳалоли худ хайру садақа анҷом диҳад.

            Чунонки зикр кардем, парҳезгорӣ муҳимтарин хусусияти ин моҳи шариф аст. Худованд дар каломи хеш (ояҳои 183-184-и сураи «Бақара») фармудааст, ки «Эй мўъминон! Бар шумо рўза фарз гардонида шуд, ҳамон гуна, ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд, фарз шуда буд, бошад, ки парҳезгор шавед, рўза гирифтани рўзҳое чанд шумурдашуда. Пас ҳар ки аз шумо бемор ё мусофир бошад, пас шумори он аз рўзҳои дигар лозим аст. Ва бар касоне, ки рўза тоқатфарсост, фидяест, ки иборат аз хўрок додан ба як бенавост. Ва ҳар кас ба дилхоҳи худ хайре анҷом диҳад, пас он бар ў беҳтар аст ва агар бидонед, рўза гирифтан барои шумо беҳтар аст». 

Яъне дар баробари он ки фарз будани доштани рўза таъкид мешавад, кўмак ба табақаи бенаво ва мувофиқи имконияти худ анҷом додани амалҳои хайру савоб низ хотиррасон мегардад. Маълум мешавад, ки парҳезгориву амали хайр ду қутб ё рукни ин моҳи сайид будааст.

Зиёда аз ин, тибқи ақоиди исломӣ савоб пояи имонро мустаҳкам месозад, чунонки аз Абўҳурайра (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармудаанд: «Касоне, ки рўзаи Рамазонро бо имон ва қасди савоб бигиранд, тамоми гуноҳони гузаштаи онҳо афв мешавад, касоне, ки дар шабҳои Рамазон бо имон ва қасди савоб намозҳои нафл (таровеҳ ва таҳаҷҷуд) бихонанд, тамоми гуноҳони гузаштаи онҳо афв мешавад, касоне, ки дар шаби қадр бо имон ва қасди савоб намоз бихонанд, тамоми гуноҳони гузаштаи онҳо афв мешавад».

            Набояд фаромўш кард, ки моҳи сайиди Рамазон моҳи имтиҳони на фақат нерўи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи рўҳиву равонӣ ва покизагии нияту аъмол ҳам ҳаст. Ин нукта ба онҳое дахл дорад, ки ба хизматрасонии мардум масъулият доранд. Ба таври сунъӣ боло бардоштани нарху навои бозор ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтарине ҳаст, ки дар дини мубини Ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст. Набояд фаромўш кард, ки дар ин маврид Паёмбари гиромиии Ислом фармуданд: «Агар кассе дар нархгузории ризқу рўзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рўзи қиёмат ўро дар оташи дўзах қарор хоҳад дод».

            Инсондўстӣ, эътирофи ҳаққи дигарон, муносибат дар заминаи ҳусни тафоҳум аз хусусиятҳои дигари моҳи Рамазон аст. Маҳз дар ҳамин моҳ ҷомеаи адолатпарвари башарӣ бо ҳама арконаш зуҳур меёбад. Аз ин рў, инсонҳоро зарур аст, ки рафтору муомилаи нек бо ҳамсоягон, раҳму шафқат ба дардмандон, ғамхориву меҳрубонӣ ба пиронсолон, ҳусни муошират бо аҳли хонадон ва наздикону пайвандон, мурувват бо дўстону ҳамкорон, ҷавонмардиву олиҳимматӣ ва қадршиносиро рафтору кирдори ҳамарўзаи зиндагии худ созанд.

            Ба мардуми шарифи Тоҷикистон дар ин моҳи муқаддас, қабл аз ҳама, тавфиқу имону ҳидояти комил, рифоҳи зиндагӣ ва осудагии умр, тани сиҳату хотири ҷамъи наздикону пайвандонашон, ҳамчунин азиз донистани Тоҷикистон – ватани умумии мо ва заҳмату фидокориҳоро ба хотири рушду такомули он барои ҳар як хонаводаи тоҷик ва ҳар шаҳрванди кишвар таманно мекунем. 

Раиси Шўрои уламои  Маркази исломӣ

Саидмукаррам  Абдуқодирзода

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар