Асосӣ Хабарҳо Муроҷиати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи кишвар роҷеъ ба риояи одобу анъанаҳои рӯзи ид

Муроҷиати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи кишвар роҷеъ ба риояи одобу анъанаҳои рӯзи ид

Муроҷиати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи кишвар роҷеъ ба риояи одобу анъанаҳои рӯзи ид
2017-06-23
1764

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Баъд аз расидан ба истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти олии кишвар эҳёи бесобиқаи фарҳанг ва суннатҳои мардумӣ, аз ҷумла идҳои диниву миллӣ ба назар мерасад.

Бародарони аҳли ислом, ҳамватанони азиз!

Инак моҳи Рамазон – моҳи хайру эҳсон, некиву накӯкорӣ, файзу баракат ва раҳмати илоҳӣ рахти сафар мебандад. Мусулмонон дар гармои тобистон барои ризои Худо рӯза дошта, дар рӯзи ид аз раҳматаш умед доранд.

Иди Фитр дар баробари дигар санаҳои муҳими таърихии ҳаёти кишвар ба ҳайси ҷашни расмии давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил мегардад. Ин худ нишони эҳтирому қадршиносӣ нисбат ба таърих ва фарҳанги мардумӣ ва ҳамзамон арҷгузорӣ ба дини мубини ислом ва арзишҳои волои умумибашарии он мебошад.

Фармудаҳои шариат дар мавриди рӯзадорӣ - ин рукни муҳими бинои мусулмонӣ гувоҳи онанд, ки таълимоти ислом саршори ғояҳои эҳсону накӯкорист: ҳусни муошират бо аҳли хонадон, улфату муҳаббат ба наздикону пайвандон, муомилаи нек бо ҳамсоягон, мурувват ба дӯстону ҳамкорон, раҳму шафқат ба беморону нотавонон, ёриву ғамхорӣ ба дармондагону бечорагон, ёди хайр аз гузаштагон. Одоби исломӣ ҷавонмардиву олиҳимматӣ, афв, гузашт кардан ва бахшидан аст, интиқом наҷустан аст, кинаву адоват ва хусумат надоштан аст, бурдборӣ ва мудорост, чеҳраи хандон ва оғӯши кушод, сипосгузорӣ ва қадрдонӣ, азхудгузаштагӣ, аз манфиати худ боло гузоштани манфиатҳои ҷомеа ва миллату давлат, раҳоӣ аз банди ҳавову ҳавасҳост.

Дар ин рӯзи муборак дар урфу таомули мардуми мо рафтан ба хонаҳои азодорон барои изҳори таъзия ва ҳамчунин рафтан ба сари манзили гузаштагон расм шудааст. Албатта, анҷом додани чунин амал боиси тақвияти робитаҳои хонаводагӣ ва иҷтимоӣ буда, ҳамчунин барои нигоҳ доштани хотири поси гузаштагон мусоидат мекунад.

Рӯзи ид рӯзи шодиву сурур барои мусулмонон мебошад ва аз одобу суннатҳои ин ид хурсанд намудан ва дастгирӣ намудани муҳтоҷон аз табақаҳои ниёзманди ҷомеа чун беваву ятимон, беморону маъюбон ва фақирону бенавоён маҳсуб меёбад. Дасти кӯмак дароз намудан ба ятиму мардуми камбизоату муҳтоҷ яке аз амалҳои солеҳ ва савоб ба  шумор меравад. Дар ҳадиси шариф омадааст: «Ҳар касе машаққатеро аз бародараш осон намояд, Худованд машаққатҳои рӯзи Қиёматро аз ӯ осон  менамояд».

Дар ҳадиси дигаре аз Каъб ибни Уҷра (р) ривоят шудааст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Садақа гуноҳро нест мекунад, ҳамон тавре ки об оташро нест мекунад». (Ривояти Тирмизӣ).

Бояд тазаккур дод, ки мувофиқи таълимоти дини мубини ислом садақа ва кӯмаку дастгирӣ дар ҳама гуна шаклу муҳтавои ифодаи худ махсуси табақаҳои муайяни мардум мебошад, ки ин гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар ояти карима баён шудаанд: «Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва бенавоён ва коркунон бар ҷамъи садақот; ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад ва барои харҷ кардан дар озодии барда­ҳо ва барои вомдорон ва барои харҷ кардан дар роҳи Худо ва барои мусофирон аст; (ва он) ҳукми собитшуда аз назди Худо аст. Ва Худо Донои Дурусткор аст» (Тавба, 9:60). Аз мазмуни ин оят комилан равшан мешавад, ки додани садақаҳо барои 8 гурӯҳи одамон – фақирон, бенавоён, омилон (кормандон) барои ҷамъ кардани садақаҳо, касони дилҳояшон улфатёфта (нав ислом овардагон), озод кардани асирон, қарздорон, харҷ кардан дар роҳи Худо (сохтани роҳҳо, мактабу беморхонаҳо ва бинову иншооте, ки барои ҳамагон нафъ доранд) ва мусофирон муайян ва табақабандӣ шудааст. 

Ҳамчунин бояд тазаккур дод, ки солҳои охир дар баъзе минтақаҳои кишвар оростани дастурхони пурдабдаба ва баргузор намудани маросими «идгардак» ба ҳукми анъана даромада истодааст. Ҳангоми оростани дастурхони идона мардум ба исрофкорӣ роҳ дода, ин амал ба як навъ мусобиқа табдил ёфтааст. Оростани дастурхони пурдабдабаи идона барои соҳибхона боиси хароҷоти зиёдатӣ шуда, гоҳо сабаби қарз ва мушкилии молии хонаводаҳо мегардад.

Шариати поки Ислом муқобили ҳама гуна сарфу хароҷоти беҳуда буда, Худованд дар ояти 141-и сураи «Анъом» фармудааст:

وَلاَ تُسْرِفُواْ إِنَّهُ لاَ يُحِبُّ الْمُسْرِفِينَ

«Исроф макунед, ки Худованд исрофкоронро дӯст намедорад».

Худованди ҳамид дар Қуръони маҷид исрофкоронро мавриди интиқод қарор дода, онҳоро бародари шайтонҳо хондааст:

وَلاَ تُبَذِّرْ تَبْذِيرًا  (26)  إِنَّ الْمُبَذِّرِينَ كَانُواْ إِخْوَانَ الشَّيَاطِينِ وَكَانَ الشَّيْطَانُ لِرَبِّهِ كَفُورًا 

 (27)

«Ва ҳеҷ исроф макун! Ба дурустӣ ки исрофкорон бародарони шайтонҳоянд ва шайтон нисбат ба Парвардигори худ носипос аст». (Сураи Исро; 26-27).

Мусаллам аст, ки дар исрофкорӣ зарарҳои зиёд аст. Худои таъоло намехоҳад, ки бандааш зарар бинад, қарздор шавад ва муҳтоҷи бандае гардад. Дар таълимоти динӣ ороиши дастурхони пурдабдаба тарғиб карда нашудааст. Аз ин рӯ, ҳар як фард бояд динро аз бидъату хурофот ва зоҳирпарастӣ ҷудо карда тавонад, зеро таълимоти дини мубини ислом осонӣ ва сабукиро мехоҳад. Чунонки Паёмбар (с) дар ҳадиси муборак мефармоянд:

 يسروا ولا تعسروا

 Осон бигиред ва душвор магардонед. (муттафиқун алайҳи)

Ҳазрати Абӯбакр (р) низ дар ин хусус мефармоянд: «Ман аҳли хонаводаеро, ки ризқи чандрӯзаашонро дар як рӯз харҷ мекунанд, бад мебинам». 

Аз нигоҳи беҳдоштӣ ва тиббӣ ҳам баъд аз парҳез ва рӯзадории якмоҳа, тановули якбораи миқдори зиёд ва анвои гуногуни таом ба саломатии инсон ва хоссатан кӯдакон таъсири манфӣ расонида, метавонад боиси сар задани бемориҳо гардад. Идгардаки беназорати кӯдакон низ боиси ташвиши ҳамагон буда, дар минтақаҳои ношинос, роҳҳои мошингузар ва хонаҳои баландошёна гаштугузор кардан, барои амният ва саломатии онҳо хатар эҷод мекунад.

Бояд таъкид намуд, ки чунин амал дар фармудаҳои шариат мавҷуд набуда, ягон асоси илмӣ ҳам надорад. Гузашта аз ин, чунин анъана барои ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон хос набуда, дар қисмати шимол ва шарқи кишвар мавҷуд намебошад. Ҳамчунин ба ин шакл таҷлил намудани иди сайиди Фитр дар кишварҳои арабӣ ва исломӣ умуман ба мушоҳида намерасад.

Пайғамбари гиромӣ (с) дар хусуси масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд таъкид намуда, мефармоянд:

كُلُّكُمْ رَاعٍ وَمَسْئُولٌ عَنْ رَعِيَّتِهِ

«Ҳар яке аз шумо ба манзалаи шубонед ва аз зердастонатон пурсида мешавед…». (муттафиқун алайҳи)

Шӯрои уламои Маркази исломӣ ба ҳар як шаҳрванди кишвар муроҷиат намуда, даъват ба амал меорад, ки дар рӯзҳои ид аз зиёдаравӣ дар оростани дастурхони пурдабдаба ва хароҷоти беҳуда худдорӣ кунанд ва фарзандони худро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Бо назардошти гуфтаҳои боло изҳор менамоем, ки оростани дастурхони пурдабдаба, идгардаки кӯдакон ва исрофкорӣ бо шариат ва таълимоти мазҳаби ҳанафӣ созгор набуда, ба танзим даровардани онҳо мувофиқи мақсад мебошад.

Моҳи шарифи Рамазонро хайрбод гуфта, тамоми мусулмононро бо фарорасии иди сайиди Фитр аз самими қалб муборакбод менамоем. Ба ҳамаи шумо имони комил, хушбахтиву некрӯзӣ, барору комёбиҳо ва дар роҳи худшиносиву худошиносӣ ва дар кору зиндагӣ, дили шоду хонаи обод, бахту иқболи баланд, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва тинҷиву оромӣ таманно дорем.

Иди сайиди Фитр муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:39
Пешин13:00
Аср15:18
Шом17:16
Хуфтан18:46
Суханронии Президент
Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Муфассалтар