Асосӣ Хабарҳо Муроҷиати Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи кишвар

Муроҷиати Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи кишвар

Муроҷиати Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи кишвар
2019-03-29
6470

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

                                Мусулмонони гиромӣ, ҳамватанони азиз!

    Баъд аз имон дар назди Худо ва Пайғамбар (с) бузургтарин ва муҳимтарин шарти Ислом ва яке аз рукнҳои имондорӣ намоз мебошад. Намоз боарзиштарин ҳадяест, ки онро Паёмбари бузурги Ислом (с) шаби меъроҷ аз ҷониби  Парвардигори меҳрубон барои умматони худ армуғон овардааст. 

     Намоз ибодати бузург аст ва бояд онро муқаддас донист, аз ин рў, гузоридани он дар ҷойҳои нопок ва олуда аз нигоҳи шариати Ислом ва хусусан фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ нораво ва нописандида аст. Дар китобҳои фиқҳӣ баргузор намудани намоз дар маконҳои зерин макрўҳ шумурда шудааст:

      - дар рў ба рўи оташ, гулхан ва оташдоне, ки дар он оташ бошад, дар ҷойҳои нолоиқ ва олуда, ба монанди ҳаммом, гирду атрофи ҳоҷатхона ва роҳравҳои олудаву нопок, дар миёни роҳ ва дар гўристон.

      Аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) аз намоз гузоридан дар ҳафт макон манъ карданд: партовгоҳ, кушторгоҳи ҳайвонот, қабристон, роҳи рафтуомад, ҳаммом, ҷойи хоби шутурон, болои Каъба (Ривояти Тирмизӣ)

      Чунонки маълум аст, яке аз шартҳои дуруст шудани намоз тоза ва покиза будани макони гузоридани намоз аст ва дар ҳадисе ҳам аз Расули Худо (с) ривоят шудааст, ки он ҳазрат (с) фармуданд: «Худованд пок аст ва покиро дўст медорад» (Ривояти Тирмизӣ) Илова бар ин, тибқи таълимоти мазҳаби Имоми Аъзам дар китоби «Мухтасар-ул-виқоя» дар боби фарзҳои хориҷи намоз омадааст, ки «…тоҳир (пок) будани макони намозхон фарз аст. Агар макон тоҳир набошад, намози мусаллӣ (намозгузор) ботил (беэътибор) дониста мешавад». Пас намозе, ки дар ҷойҳои ифлос ва олуда гузорида мешавад, чӣ гуна дуруст мегардад ва ба даргоҳи Худованд пазируфта мешавад?

           Худованд дар ҳама маврид ҳозиру нозир аст. Агар мусулмон бо дилу нияти пок дар манзиле, ки иқомат дорад ва ба ҳар манзили дигаре, ки меҳмонӣ меравад, маскани кору фаъолияти хизматии ӯст, саҳро, ки он ҷо заҳмати киштукорашро анҷом медиҳад, барои сарфаи вақт метавонад намозҳояшро хонад ва ин амали ӯ тибқи фармудаи Имоми Аъзам раҳимуҳуллоҳ раво дониста мешавад ва бинобар ҷой доштани узри шаръӣ намози ҷумъа аз ӯ соқит мегардад. Чунки шариати Ислом дар ҳолатҳои зарурат осониро барои ибодати бандагонаш тавсия медиҳад, дар ин маврид Расули Акрам (с) мефармоянд: “Яссиру ва ло туассиру” – яъне осон бигиред ва сахт нагиред.

   Аз ин лиҳоз, ҳар фарди мусулмон бояд ба ин фаризаи илоҳӣ таваҷҷуҳ дошта, нисбати он беэътиноӣ накунад ва намозро дар масҷид ва ҷойҳои пок гузорад, на дар роҳравҳо ва назди издиҳому ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки мардум ба корҳои гуногун машғул мебошанд. Зеро дар кӯчаву роҳравҳое, ки намоз гузорида мешавад, рафтуомади мардум зиёд аст ва эҳтимоли мавҷуд будани ифлосиҳо, ахлот ва наҷаси ҳайвонот ҷой дорад. Бояд донист, ки дар дини Ислом намоз хондан дар кўчаву роҳравҳо манъ аст. Чунончи дар ҳадисе, ки дар боло зикр шуд, Расули Худо (с) аз намоз гузоридан дар роҳи рафтуомади мардум манъ намудаанд.

    Бинобар ин, мо бояд фарҳанг ва маърифати ба масҷид рафтан ва иштирок дар намози ҷумъа ва дигар намозҳоро риоя кунем, то ин ки ибодати анҷомдодаамон мақбули даргоҳи илоҳӣ шавад.

Раёсати Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:59
Пешин12:40
Аср17:22
Шом19:21
Хуфтан20:52
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар