Суханронии Президент
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
МуфассалтарМақолаҳоДигар мақолаҳо
Имсол мардуми шарифи кишварамон 32 – юмин солгарди ба таври раъйпурсии умумӣ қабул гардидани ҳуҷҷати сарнавиштсози худ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ таҷлил менамоянд. Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузургу нодир ва ифтихори миллати тоҷик буда, маҳз бо шарофати таҳия ва қабули ин санади тақдирсоз роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид.
Дар тамоми олам низоми ҳаёти башарӣ ва дараҷоти ҳуқуқиро қонунҳо муайян мекунанд, ки онҳо мутобиқ ба Қонуни асосӣ ва ё Конститутсия мебошанд. Аслан қонунҳо маҷмӯи муқаррароту қоидаҳоест, ки аҳли башар дар давоми ҳазорсолаҳо таҷрибаи ҳаётро барои манфиати халқу миллатҳои ҳамон замон ва замони оянда ҳамчун дастурамал ба мерос гузоштаанд.





