САДАҚАИ ҶОРИЯ

САДАҚАИ ҶОРИЯ
2024-05-11
719

Бисмиллоҳир – раҳмонир – раҳим

Дар дунёи имрўз мо фарқҳои гуногунеро дар миёни афроди ҷомеа мушоҳида мекунем ва аз ҷумлаи фарқҳои асосӣ ин гуногун будани сатҳи зиндагии иқтисодии онҳо мебошад. Баъзеҳо сарватмандану баъезҳо фақир ва бархе бошад дар сатҳи миёнаи иқтисодӣ зиндагӣ мекунанд. Дар таълимоти Исломӣ ин тафовутҳо ба хубӣ мадди назар қарор дода шуда ва дар ин замина барномаҳои бенуқсоне дар назар гирифта шудааст.

Сарватмандон набояд фаромўш кунанд, ки молу маноли онҳо ба хотири лутфу марҳамати Парвардигор аст ва ўст, ки ин имконотро дар ихтиёри онҳо қарор додааст. Пас бояд қадри ин додаҳои илоҳиро бидонанд ва шукрона ба ҷо оваранд ва беҳтарин шукрона он аст, ки аз дастуроти Парвардигор дар ин замина пайравӣ намоянд ва сармояҳову дороиҳои худрро, ки дар ҳақиқат атои ўст дар ҷои муносиб истифода намоянд.

Гоҳе чунин пиндошта мешавад, ки гўё диндорӣ бо сарватмандию дунёдорӣ мухолиф аст ва диндорон одатан дар фақру камбағалӣ ба сар мебаранду дар муқобил шахсони сарватманду дунёдор чандон диндор нестанд. Ин дидгоҳи дурусте нест, зеро Худованд тамоми ҳастиро барои он офаридааст, ки инсон аз он дар зиндагии худ баҳраманд гардад. Яъне инсон бояд аз тамоми неъматҳои офаридаи Худо барои як зиндагии хубу гуворо доштан истифода намояд ва фақат бидонад, ки бояд аз соҳиби аслии ин неъматҳо яъне Худои меҳрубон ғофил намонад. Мавлоно ҷалолуддини Балхӣ дар ин маврид фармудааст:

Чист дунё? Аз Худо ғофил шудан,

Не қумошу хонаву фарзанду зан.

Дар қуръони карим омадааст:

«Парвардигоро ба мо некўии дунё ва охиратро ато фармо» (сураи Бақара ояти 201) Ин худ гувоҳи он аст, ки мўъминони воқеӣ ҳам аз некиҳои дунё ва ҳам аз некиҳои охират баҳраманд мешаванд ва инсонҳое ҳастанд, ки дунёю охирати худро обод мекунанд. Донишмандони Ислом мусалмони комилро ба паррандае, ки ду боли солим дорад ва баланд парвоз мекунад, ташбеҳ медиҳанд ва мусулмони комил ҳамое аст, ки ҳам дину ҳам дунёи худро обод мекунад. Расули Худо (с) мефармоянд: «ин дунё ҷойи ободии охират аст». Воқеан ҳам ҳар инсоне дар ин дунё накукору ободкор бошад, қабру қиёмату ҷаннаташ нурафшону обод мебошад.

Худованд дар баробари неъматҳое, ки ба мо ато намудааст масъулиятҳоеро ҳам бар дўши мо ниҳодааст ва мусулмони ҳақиқӣ касе аст, ки масъулиятҳои муайяннамудаи Парвардигорро иҷро намояд. Маълум аст, ки ҳар неъмате ба таври худаш масъулият дорад ва неъмати сарватмандию дороӣ низ масъулияти хоси худро дорад. Масъулияти як шахси сарватманд пардохт намудани он ўҳдадориҳои пулию молие аст, ки дар шариат муқаррар гардидааст ва ҳамчунин таваҷҷўҳ доштан ба аҳволи атрофиёни худ аст, ки нисбатан фақиру эҳтиёҷманд ҳастанд. Умуман масъулияти сарвату сармоя иборат аст аз садақа додан ва дасти ниёзмандонро гирифтан.

Садақаҳои гуногуне дар шариати Исломӣ зикр шудаас, ки яке аз беҳтарини онҳо садақаи ҷория мебошад. қабл аз ҳама бояд бидонем, ки садақа додани як сарватманд ба маънои коҳиш ёфтани сармояҳои ў нест. Агар зоҳири ин корро назар кунем шояд чунин ба назар биёяд, вале ҳақиқати амр чизи дигар аст. Дар қуръони карим Худованд маҳз барои садақа ваъдаҳои фаровоне додааст. Аз ҷумла мефармояд:

مَنْ جَاءَ بِالْحَسَنَةِ فَلَهُ عَشْرُ أَمْثَالِهَا...

«ҳар касе як эҳсон намояд барои ў даҳ баробар подош хоҳад буд…» (сураи Анъом ояти 160 ) ва низ мефармояд:

يَمْحَقُ اللَّهُ الرِّبَا وَيُرْبِي الصَّدَقَاتِ ...

«Худованд (суду фоидаи) риборо аз байн мебарад ва моли садақадодашударо афзоиш ва баракат медиҳад…» (сураи Бақара ояти 276). Пас агар дуруст назар кунем дар ҳақиқат ин як навъ муомилаи судманд барои худи сарватманди садақадиҳанда мебошад. Зеро ў ҳам ризои Худовандро ба даст меорад ва ҳам сабаби афзоиши сармоя ва амволи худ мегардад.

        Масъалаи ин ки садақа чӣ фоидаҳои иҷтимоие ҳам барои фақирон ва ҳам барои худи садақадиҳанда дорад масъалаи густардае аст, ки бояд ба он таваҷҷўҳи хос зоҳир намоем. Дар ин ҷо фақат ба ҳамин нукта ишора мекунем, ки садақа додан дар ҳақиқат амнияти ҷомеа ва алалхусус амнияти сарватмандонро ҳифз менамояд. Яъне мардуми камбизоат бо дидани хайроти сарватмандон ва дилсўзию ғамхории онҳо ба қишрҳои камбағал, нисбати онҳо некбин ва хайрхоҳу дуогў мешаванд. Ин омил боис мегардад норизогиҳое, ки дар ҷомеа ба хотири вазъи номуносиби камбағалон падид меёянд, пешгирӣ шаванд. ҳамчунин бадхоҳон ва тамаъҷўёну муфтхўрон аз тарси мардум нисбати сарватмандоне, ки мардум ба онҳо муҳаббат доранд дастдарозӣ карда наметавонанд. Зеро пуштибони ин сарватмандони саховатпеша мардуми одию вафодор хоҳанд буд. Ин ду нуктаи кўтоҳ метавонад фоидаҳои иҷтимоии садақаро нисбати худи садақадиҳандагон нишон диҳад.

Аммо масъалаи закот ва дигар намудҳои ўҳдадориҳои фарзшуда аз тарафи шариат барои ҳар мусулмоне маълум аст ва аҳкоми онҳо мушаххас шудааст. Мақсади мо дар ин навиштаҳо нишон додани симои садақаи ҷория аст, ки одатан аз ҳисоби садақаҳои ғайрифарзӣ мебошад.

Агар бихоҳем садақаи ҷорияро таъриф намоем метавонем чунин бигўем: «Садақаи ҷория чизе аст, ки аз садақадиҳанда ба ёдгор мемонад ва фоидаи он муддатҳои тўлонӣ ҳатто баъд аз даргузашти соҳибаш ба ҷомеа мерасад». Пас маълум мешавад, ки садақаи ҷория як чизи мондагор ва фоидаовар барои мардум мебошад.

Аммо чӣ чизҳое садақаи ҷория ҳастанд? Дар аҳодиси Паёмбар(С) чизҳои гуногуне садақаи ҷория ба шумор оварда шудааст. Аз ҷумла фарзанди солеҳ, боғ, пул, чоҳи об, масҷид, мактубу мадраса, роҳ, ҳамом ва ғайра. Агар ба ҳар кадом аз ин чизҳо назар кунем, дар ҷои худ ва дар мавриди муайяне ба муддати мушаххасе барои ҷомеа ва мардум фоидаовар мебошанд. Пас метавонем чунин натиҷа бигирем, ки дар ин миён ҳар чизе, ки фоидааш барои мардум ва ҷомеа бештар ва замони фоидарасониаш зиёдтар бошад, садақаи ҷорияи хубтар хоҳад буд. ҳамчунин мо бояд ба ниёзмандиҳои муҳит ва ҷомеаву мардум низ назар дошта бошем. Дар ҳар замон ва шароите ҷомеа ниёзмандиҳои гуногуне дорад. Ба ҳамин хотир садақаи ҷория аз назари ниёзмандии мардум ва ҷомеа ҳам бояд ба талаботи замон ва макон мувофиқ бошад.

Гоҳе шояд эҷод кардани боғе фоидаовар бошад, гоҳе ҳам шояд сохтани роҳе ва гоҳе бошад сохтани мактаб ё бемористоне. Яъне мебинем, ки имрўз ҷомеаи мо ба чӣ ниёз дорад ва мардум аз чӣ чизе танқиси мекашанд, дар ҳамон ҷиҳат амал мекунем ва ҳамон ниёзмандӣ ва танқисиро бартараф мекунем. Ин аст ҳақиқати садақаи ҷория ва ҳадафи он. Савоб ва подоше, ки барои садақаи ҷория дар назар гирифта шудааст бисёр бузург ва муҳим аст.

Агар мехоҳем чизи хубе аз мо боқӣ бимонад бояд онро ба «ваҷҳуллоҳ» - яъне Зоти поки Парвардигор пайванд бидиҳем. Яъне ҳар коре ки мекунем холисона аз барои Ў бошад, он вақт мондагор хоҳад шуд. Дар натиҷа савобу подоше, ки ба мо мерасад бардавом ва фаровон хоҳад буд.

Дар қуръони карим иборати «боқиёти солиҳот» омадааст ва аз ҷумла ҳар кори хуб ё ёдгори фоидаовареро, ки аз барои Худо бошад ва мондагор гардад боқиёти солиҳот гуфтаанд:

... وَالْبَاقِيَاتُ الصَّالِحَاتُ خَيْرٌ عِنْدَ رَبِّكَ ثَوَابًا وَخَيْرٌ أَمَلاً (الكهف/46)

«… Ва боқиёту солиҳот (арзишҳои пойдор ва шоиста) савобаш дар назди Парвардигорат беҳтар ва умедбахштар аст» (сураи Каҳф ояти 46).

... وَالْبَاقِيَاتُ الصَّالِحَاتُ خَيْرٌ عِنْدَ رَبِّكَ ثَوَابًا وَخَيْرٌ مَرَدًّا (مريم/76)

«… Осор ва аъмоли солиҳе, ки аз инсон боқӣ мемонад дар пешгоҳи Парвардигори ту савобаш бештар ва оқибаташ арзишмандтар аст» (сураи Марям ояти 76).

Дар фарҳанги Исломӣ ҳар кас асосгузор ё зиндакунандаи кори хубе (суннати ҳасана) бошад, то рўзе ки одамон он корро анҷом медиҳанд барои ў низ савоб навишта хоҳад шуд. Садақаи ҷория ҳам монанди кори хубе аст, ки то рўзе ки инсонҳо аз он баҳраманд мешаванд савобаш ба шахси соҳиби садақа хоҳад расид.

Суннати садақаи ҷория дар дини мубини Ислом дар асл барои ислоҳи ҷомеа ва обод намудани он дар назар гирифта шудааст. Ин суннати нек метавонад бисёре аз камбудиҳои ҷомеаи моро бартараф намуда, зиндагии хубу гуворотареро барои мусулмонон фароҳам намояд. Агар дар маҳалле мусулмонон ба сабаби набудани роҳи хуб дар рафтуомадҳояшон ба мушкилот рўбарў мешаванд, ҷои садақаи ҷория дар сохтмони ҳамон роҳи лозимӣ аст то осоиши онҳо фароҳам гардад. Агар фарзандонашон барои рафтан ба мактаб ба хотири дур будани роҳи мактаб мушкилӣ доранд, ҷои садақаи ҷория сохтани мактаб аст. Агар дар маҳаллае бунгоҳи тиббӣ набошад беҳтарин садақаи ҷория сохтани он бунгоҳ аст.

Ин дар ҳақиқат меҳру муҳабат ба мардум боз кардани гиреҳҳо аз кори бастаи онҳо аст, ки савобе беандоза дорад.

Садҳо фаришта бўса ба он даст мезанад,

К – аз кори халқ як гиреҳи баста во кунад.

Дар айни ҳоле ки садақаи ҷория коре аст барои осоиши ҳамаи мардум ва барои ободии ҷомеа аст, аммо агар дуруст бингарем барои бисёриҳо сабаби наҷот аст. Зеро ниёзҳои мардум ва ҷомеа барои сарватмандони саховатманд, ки тавони бартараф намудани ин камбудиҳову ниёзҳоро доранд фурсати бисёр хубе аст то ҳам дунё ва ҳам охирати худро обод кунанд ва наҷоту оқибати некўи охиратро ба даст оваранд.

Умедворам Худованд ба мо тавфиқ диҳад, ки муҳаббати мардум ва хайрхоҳӣ нисбат ба онҳоро дар дил дошта бошем ва тавони гиреҳкушоӣ аз кори онҳоро ба мо ато намояд.

وقت الصلاة في طاجيكستان

23.12.2024

أكثر
الفجر06:03
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:12
العشاء18:42
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر